МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Чӣ мешуд, гар ба тасбеҳи сиришкам
Мекашидӣ риштае аз нур,
Ки бошад тавбаҳоям лоиқи пазруфт.
Худовандо,
Чӣ мешуд, гар ҳаметобид
Фурўғе аз фурўғистони дидорат
Саҳар бар шабнами акши шафақгунам,
Ки бинам дар зулоли он зуҳуру ғайби дунёро,
Сафои субҳи фардоро.
ТУЛЎЪЕ ДАР ҒУРУБ
Тулўъе дар ғуруби ман Шугуфоии насрин дораду атри ақоқиё, Ки дар ғарқоби чашмонам фурў рафта гулу гулхонаи хуршед.
Дигар дар ман, ки гармии вуҷудамро ба ахтарҳои сармохўрда бахшидам, Ба ҷуз аз гармии шамъи шақойиқҳо ҳавое нест, Ки рўҳам гармрав бошад ба самти рўшани гулбоғи оятҳо, Ва гулбоғе, ки аз барги гули вожа таровад атри ирфонии Мавлоно.
Ва миқнотиси чашмони самойие кашад чун қабзайи бесўйӣ рўҳамро Ба сўйе, ки сафо бошад, ҳузури кибриё бошад.
Гар эдун, ки фазои нахвати фарҳангбезорон,
(ба гирди шираи мансаб магасворон)
Нахоҳад роҳи дигар дод
Ба ҷуз роҳам ба гўристони истеъдод;
Садоҳоям,
ки бар дарвозаҳои бастаи гўши замон мехўрд,
Чу пайке аз тулўъи сабзи рўҳонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё