Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СУРОҒ

Маҳ ношукуфта буду дар дидаҳо шукуфта,
Вақте ки вопасин шаб моро ба дида ҷо кард,
Маҳтоб нав шукуфту дар чашмамон фурў рафт,
Вакте ки субҳ моро аз якдигар ҷудо кард.

Акнун ки кафтарони аз ҷуфти худ ҷудоем,
Ҳар субҳдам зи шабнам афшонда болу парро,
Дар дашти пурсапеда раҳгум занему пурсем
Аз кавкаби пагоҳӣ аҳволи якдигарро.

НАВҲА

Дар куҷое абр сарсон,
Ҳамчу абри ҳасрати ман
Сар-сари кўҳи баланди орзу
Бар сари гўрат шитобон,
Дар сари гўрат парешон...

Дар куҷое абр гирён
Дар сари чўкидақабри тармаҳо,
Баски метобад зи ғови дахмаи тарма гули ях
Чун гули рўят шукуфон.

Дар куҷое канда тундарҳои рақсон
Шаддаҳои жолаи ашки маро
Чун гулўбанди гулўи абри найсон.
То ба сони домани ту
Домани кўҳе шавад лабрези марҷон.

Дар куҷое парзанон
Бо ҳама мурғи ҳаво
Ман туро бо ҷумлаи дарду дареғ
Мезанам пайваста ҷеғ,
Аз баҳорон то баҳорон.

пешина
аз 264
навбатӣ