Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЁД

Бори дигар бе ту дар рўи ғарам
Субҳ оғўшам кашид,
Бўсаи гарми ту ёд омад маро,
Бўсаи шаббода бар рўям хазид.
Кокулатро қабза кардам боз бо дасти хаёл,
Дасти ман бар дарзаи гандум расид.

Бори дигар бе ту дар чашмони ман
Об гаштанд ахтарон.
Шабнами поке шуданду бар сари гулҳо чакиданд.
Шуд гули марям мисоли ахтаре аз нав фурўзон,
В-аз чароғи лолаҳо вақти саҳар
Домани гандумпая аз нав чароғон.

Бод аз нав бўи каҳ оварду бўи мелаҳоят,
Бори дигар дар нигоҳам тофтӣ:
Резакаҳ мерехт аз домони ту,
Гарди каҳ буд дар сари мижгони ту.
Мурғи дил бедор буд дар синаам,
Дар лабонаш буд тарона,
То шуданд аз хоб бедор
Кафтарони холдона.
Кафтарон чун хоби ширин
Аз сарам ногаҳ париданд,
Села-села парфишон,
Чун хаёли ман парешон...
БОМДОД

Медамад субҳу мешамад деҳа
Аз дами бод бўи боронро,
Раммаи абр мечарад дар кўҳ,
Мехўрад баргҳои торонро.

Мекашонад чу сорбоне бод
Маҳмили дудро ба дуриҳо,
Ҳалқаи дуда бар ҷарас монад
Дар баногўши дудмўриҳо.

Мерасад бўи ҳезуми арча
Аз алови танўри ҳамсоя,
Аз паси чиғ шишаи шабнам
Медурахшад зи нури ҳарҷоя.

Сояҳои чинор мерақсанд
Даст афшонда қад-қади кўча,
Мезанад бол ҷуфти мурғобӣ
Синамолон ба мавҷи дарёча.

Боз чун духтарони кўҳистон
Духтари субҳ шир меполад,
Ёла аз лолаҳои домонаш
В-аз гули кафки шир меболад.

Медамад субҳу модарам аз нав
Рўи рўҷо ситора медўзад,
Падарам гулхани шубониро
Чун ба ҷои ситора афрўзад.

пешина
аз 264
навбатӣ