Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАРАВ

Ту будию дарав буду сурур аз ҳосили нав буд,
Ба банди кокулат монанд банди хўшаи ҷав буд.
Зи хирманҷой меомад суруди рўҳбахшоят,
Дар ин ҳангома кабки рав туро ҳамрозу пайрав буд.

Дарав буду сарак дар пилтаҳои нўги мўят буд,
Нигоҳи ташна ҳар дам дар ҳавои ҷустуҷўят буд.
Саропо чашмае будӣ лаболаб аз ҷавониҳо,
Ва садҳо чашма лабрезони акси моҳи рўят буд.

Дарав буду алав буду шамоли коҳбезе буд,
Ду абрўят ба чашмонам ду доси нўгтезе буд,
Адо буду ишорат буд, ризо буду башорат буд,
Вале гоҳе гурезе буд, гаҳе қаҳру ситезе буд.

Рухат барги гули насрин барин боби шамидан буд,
Чу оҳу аз манат аммо ҷаҳидан буд, рамидан буд.
Давидан буд ба пайроҳа, расидан буд ба бероҳа,
Зи дастонат кашидан буд, ба хамгаште хамидан буд.

Ту рафтию нигоҳат дар дили шўридаи ман монд,
Зи барқи доси абрўят шарар бар дидаи ман монд.
Ту рафтию дар оғўшат, ки марзи орзуям буд,
Дареғо, сад чигина хўшаи ночидаи ман монд.

пешина
аз 264
навбатӣ