Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВАҚТЕ КИ ОЯД НАВБАҲОР

Вақте ки аз ҳар обканд
Сели наве пайдо шавад,
Бурсу заранг аз бун канад,
Бо шўру бо ғавғо давад,
Чун санг пешопеши он
Ман ҳам гурезон мешавам.

Вақте ки аз оғўши кўҳ
Қақра занад кабки дарӣ,
Ҳуштак кашад мурғи ҳулол,
Булбул кунад хунёгарӣ,
Бикшода ман ҳам болу пар,
Мурғи хушилҳон мешавам.

Вақте ки тобад офтоб,
Тарма шавад ҳар ҷо хароб,
Яхпораҳо банданд кўч
Бар дўши рўди пуршитоб,
Ман низ пўён мешавам,
Оби хурўшон мешавам.

Вақте ки ояд навбаҳор,
Шира чакад аз нарти ток,
Гирён шавад абри матир,
Хандад замини нармхок,
Чун лолаҳо дар ёлаҳо
Ман ҳам шукуфон мешавам.
НИЁИШ

Маро бо абрҳои тира монед,
Ки оби раҳмате пошам ба кишта,
Парешонам кунад боди парешон,
Бигирям дар сари санги навишта;
Ки ман оҳанги бедардӣ надорам.

Маро бо барфҳои қулла монед,
Ки дарё сар шавад аз манзари ман,
Баҳорон селаҳои турнаи мавҷ
Парафшон бигзарад бо шаҳпари ман;
Ки дилгармӣ ба дилсардӣ надорам.

Маро бо бодҳои ағба монед,
Ки бар гулҳо фишонам атри борон,
Гаҳе нолам, гаҳе хонам тарона,
Хазонрўбон миёни бешазорон;
Ки тоби нозпарвардӣ надорам.

Маро монед, бошам сахраи зов,
Ки роҳи тармаву селоб гирам,
Намонам мисли арча аз сари сабз,
Агар мирам, ба по истода мирам;
Ки ман ёрои номардӣ надорам.

пешина
аз 264
навбатӣ