МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бифармоӣ, ба марги худ намемирам,
Дилу ҷонро ба як дирҳам намегирам,
Ба шарте ки шавам як рўз қурбонат.
УМЕД
Ҳоло ки навбаҳорон аз ман умед дорад,
Оям ба бешазорон бо селаҳои мурғон,
Печам ба боли боду домони абри найсон,
Печам ба рўду рўдам дилро ба ҷўш орад,
Ҳоло ки навбаҳорон аз ман умед дорад.
Оям ба бешазорон бо селаҳои мурғон,
То нақшҳои поям дар гирди чашма монад,
Ман хонаму ба савтам кабку ҳулол хонад,
То шўр монад аз ман дар хотири дарахтон
Оям ба бешазорон бо селаҳои мурғон.
Печам ба боли боду домони абри найсон,
То зулфи ёсуманро дар пуштаҳо бибўям,
Қолини сабзаҳоро афшонаму бишўям,
То бўи гул кашонам чун бўи резаборон,
Печам ба боли боду домони абри найсон.
Печам ба рўду рўдам дилро ба ҷўш орад,
В-аз манзиле ба манзил печад ба мавҷаи дил
Шавқи утўкашии домани реги соҳил.
Бе ҷўши дил навое бар дил асар надорад,
Печам ба рўду рўдам дилро ба ҷўш орад.
Ҳоло ки навбаҳорон аз ман умед дорад,
Дар киштзори армон базри шарора корам,
То майсаҳои онро соле ба бор орам,
Шамсам ба ханда дорад, абрам ба гиря орад,
Ҳоло ки навбаҳорон аз ман умед дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё