Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гаҳе дилгарму гаҳ дилсард моем,
Гаҳе пурдарду гаҳ бедард моем,
Ба рўи олами пур аз баду нек
Гаҳе номарду гоҳе мард моем.

Ало, маҳрўи рўи боми коза,
Шафақ рухсораатро карда ғоза,
Дили ман кўраи оҳангарон аст,
К- аловаш аз дамат гардида тоза.

Маро шаббодаҳо ғамбода карданд,
Маро шаббодаҳо дилдода карданд,
Зи мўяш накҳате оварда аз дур,
Маро бе бодае бебода1 карданд.

Сифатҳоят дар ин дунё нағунҷад,
Ба дунёи дили Доро нағунҷад,
Туро мо Гулсифат гўем ҳарчанд,
Сифатҳоят ба гулшанҳо нағунҷад.

Ту имшаб рози дил яксар бигуфтӣ,
Басо розе, ки аз ман менуҳуфтӣ,
Ту имшаб то саҳар печида бо ман
Ба ранги ошиқи печон шукуфтӣ.

Ало, дилдори рухсорат гулобӣ,
Биё як шаб канорам бе дилобӣ,
Ба оғўшат маро печон, ки печад
Ба ҷисми ошиқони ту алобе.

Ҷавоне пойбанди духтаре буд,
Дили духтар кашоли дигаре буд,
Ва он дигар умеди дигаре дошт,
Ки ў ҳам дар хаёли дилбаре буд.

1 Бебода – бетоқат, беқарор; ошиқ.

пешина
аз 264
навбатӣ