МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Баёнат гар асири норавонист,
Равонат пойбанди нотавонист.
Забони модариро гар надонӣ,
Нишони ту нишони бенишонист.
Сабо сайронгаҳи наврўзӣ дорад,
Чароғи гул ҷаҳонафрўзӣ дорад,
Яке бар сўзании майса бингар,
Ки хуршеди саҳар гулдўзӣ дорад.
Манам сангу манам сангу манам санг,
Манам ғуте миёни дарраи танг,
Намедонам чӣ бад кардам ба дарё,
Ки умре бар гулўям мезанад чанг.
Равони хаста дорад абри найсон,
Пари бишкаста дорад абри найсон,
Чу дуди оҳи мо дар боми дилдор
Раҳи сарбаста дорад абри найсон.
Ситора рў заду ёрам наёмад,
Тамоми шаб ба дидорам наёмад,
Ситора мечакад аз чашми гардун,
Чу ашки ман, ки дилдорам наёмад.
Биё бар мактаби фасли баҳорон,
Биё, омўз хатти киштзорон,
Китоби абрҳоро саҳфа гардон,
Бихон афсонаҳои резаборон.
Дарав буду дарав буду дарав буд,
Бари рўят чу доси моҳи нав буд,
Ба вақти шабдарав дар Дашти Рахшин
Дили ман оштони пуралав буд.
Бихонам ҳар замон девони Туғрал,
Ки шодобам кунад эҳсони Туғрал,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё