МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дилам сўзад зи сўзи синаи шеър,
Чу сўзи тирҳо бар ҷони Туғрал.
Намемонам, ки во монад дари ман,
Агар он дилрабо монад бари ман,
В-агар он ёри гандумгун наояд,
Ба санги осиё монад сари ман.
Замони ошиқиям хуш замон буд,
Пур аз рашку пур аз сўзи ниҳон буд,
Миёни кишвари дилҳои пурхун
Барои духтаре ҷанги ҷаҳон буд.
Будам дилбаста, дилрешам ту кардӣ,
Ки аз дарвозаат пешам ту кардӣ,
Ба худкомиву худхоҳӣ, дареғо,
Яке безор аз хешам ту кардӣ.
Шабе ман дар шабистони ту будам,
Чу гулчин аз гулистони ту будам,
Сипас афтодаю сўзанда дар нор
Ба ёди нори пистони ту будам.
Шафақ бар домани ҳомун бирезад,
Чу зар аз домани гардун бирезад,
Шафақ аз дидагони Лайлии мо
Чу хун аз дидаи Маҷнун бирезад.
Дигар аз реви номардон натарсам,
Дигар аз деви бадхоҳон натарсам,
Манам он нохудои киштии дил,
Ки дигар аз шаби тўфон натарсам.
Тапиш омўхтам бо панди Иқбол,
Давиш омўхтам бо панди Иқбол,
Худиро ёфтам дар бехудиҳо,
Равиш омўхтам бо панди Иқбол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё