Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили дардошноро мепарастам,
Нигоҳи ғамзудоро мепарастам,
Умеди охирини ноумедон,
Фурўғи шӯълазоро мепарастам.

Дурахшад шишаи маҳтоби чашма,
Рухи бас моҳрў дар оби чашма,
На бар ҳар ташнаи бодияи ишқ
Муяссар мешавад дарёби чашма.

Дило, фарёд каш аз ишқи ҷонон,
Ҳамово шав ба фарёди Зарафшон,
Ки он дилдори сарпечида аз ту
Чу мў печад ба худ аз сўзиши ҷон.

Ба ҳамдигар чи сон бошем манзур,
Ки ман мағруру беш аз ман ту мағрур,
Масофа байни мо гарчи на дур аст,
Раҳи дилҳо шуда бар якдигар дур.

Ба даври манзилат бас раҳгузор аст,
Қатори ошиқони беқарор аст,
Туӣ хуршеду гирдогирди кўят
Замину моҳу анҷум раҳсипор аст.

Ба ранги Шамсия дилбар набошад,
Чу рўяш шамс дар ховар набошад,
Варо, к-аз шўълаи шамс офариданд,
Маро шамсияе1 бар сар набошад.

Насиҳатношунавгўши ман омад,
Ҳамон ошиқфаромўши ман омад,
Ғазалҳои Сайидо дар лаби нўш,
Пуразхамёзаоғўши ман омад.

1 Шамсия – соябон, чатр.

пешина
аз 264
навбатӣ