МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Қадат, эй сарвболо, хам нагардад,
Умеди васли ту барҳам нагардад,
Лаби нўшат зи нўши ташнакомон
Чу оби чашма асло кам нагардад.
Дилеро нест парвои ману ту,
Сареро нест савдои ману ту,
Макун парвои савдои замона,
Замин дорад таманнои ману ту.
Ба дасти ў гулу гулдаста зебад
Гулу гулдастаи навбаста зебад,
Чу кокул аз қафои ў қаторак
Қатори ошиқони хаста зебад.
Зи ғови тармаҳо рўяд гули ях,
Ба сад нозу адо рўяд гули ях,
Чу гулҳои шараррези ситора
Ба кўҳи абрҳо рўяд гули ях.
Сари кўҳи баланду хирмани моҳ,
Ба ёди моҳрўе мекашам оҳ,
Ки он маҳрў зи абри дуди оҳам,
Зи борони сиришкам нест огоҳ.
Сари кўҳи баланду ҷогаҳи абр,
Шафақ оташ зада бар хиргаҳи абр,
Зи чашмонаш битобад шўълаи ашк,
Ки дорад сўз қалби огаҳи абр.
Дари дилро бишав ҷўё, ҷавонмард,
Раҳи дилро бишав пўё, ҷавонмард,
Ҳавои дил туманолуда манмо,
Ки бинӣ рўи роҳатро, ҷавонмард.
Диламро дилбарам фаҳмида омад,
Чу хуршеди саҳар хандида омад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё