МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Барои печутоби мо миёнро
Ба банди кокулаш печида омад.
Зи ҳар шўридасар шўридатар ман,
Зи ҳар ошуфтадил ошуфтатар ман,
Ки бар рағми умеду орзуҳо
Зи баҳри ў яке кардам гузар ман.
Дилам хоҳад, ки он дўшина ёбад,
Аз он лабҳо зи нав лавзина кобад,
Дилам хоҳад ба чашмам сабзазорон
Гилеми сабзи он сабзина тобад.
На ҳар дилдодаро дил ғарқи хун аст,
На ҳар дилдодаро дил бесукун аст,
На ҳар як кўҳкан монад ба Фарҳод,
На ҳар як тешазан аз Бесутун аст.
Гузар кун, аз раҳи дилҳо гузар кун,
Дилатро аз ҳама дил бохабар кун,
Ба чашми аҳли дида мардумак бош,
Вале аз сўҳбати ҷоҳил ҳазар кун.
Хаёли зулфи ту бодо парешон,
Ниҳоли қоматат бодо гулафшон,
Ҳама шаб то саҳар дар хонаи дил
Чароғи ишқи ту бодо фурўзон.
Тамоми шаҳр донад содаам ман,
Ки бар он дилрабо дилдодаам ман,
Ки дар ҳар кўчаи шаҳри Душанбе
Ба роҳаш интизор истодаам ман.
Чу боде аз бари ман меравад ёр,
Чу абре аз сари ман меравад ёр,
Ба зулмат бахш карда манзиламро
Чу моҳе аз дари ман меравад ёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё