МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Шабе буду лаби толоби Варзоб,
Тамошои рухи маҳтоби Варзоб,
Ба об омад яке варзобидухтар,
Дилам туғён намуд чун оби Варзоб.
- Ба ҷонат сўзи ёрон ҳаст ё не?
Умеди васли ҷонон ҳаст ё не?
Наомад посухе чун бар суолам,
Бипурсидам, ки инсон ҳаст ё не?
Лаби ҷўят бидидам барги ҳулбў,
Ду-се ошӣ бичидам барги ҳулбў,
Шунида талху тунде аз лабонат,
Ба ҷои он макидам барги ҳулбў.
«Диламро бар, ки бе дилбар намонам»,
Худамро бар, ки бе ҳамбар намонам,
Зи ишқат баски дарди сар шудам ман,
Сарамро дор, бе ҳамсар намонам.
Барои чашми ҷодуят, ташаккур,
Барои қадди дилҷўят, ташаккур,
Ҳавои кӯчаро кардӣ муаттар,
Барои атри хушбўят, ташаккур.
Шабе рафтам ба гулбоғи канорат,
Ба умеди чашидан аз анорат,
Анори ту ба дастам норасида
Расид аз боғбон санги ҳақорат.
Дар оғўшат бигў, ҷонон, чӣ дорӣ?
Дар он ширинтаре аз ҷон чӣ дорӣ?
Зи оғўшат тароват атри гулҳо,
Гулистонро зи мо пинҳон чӣ дорӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё