МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Бимирам дар қаду бастат, гули ман,
Ба чашмони сияҳмастат, гули ман,
Зи дасти ту бимирам кош, эй кош,
Чу он гулдастаи дастат, гули ман.
Дили моро, дили моро шикастӣ,
Зи банди дил дили моро гусастӣ,
Гусастию ба даври гардани худ
Қатори донаҳои шадда бастӣ.
Маро дар оббозӣ кардӣ мафтун,
Чу лағжидӣ зи дастам мисли собун,
Туро байни Сикандаркўл дидам
Чу қуи маҳ миёни ҳавзи гардун.
Туӣ хушрўю хушдорат ман эй гул,
Ту хушмӯю гирифторат ман эй гул,
Туӣ хушбўю дар бўйидани ту
Надорам тарс аз хорат ман эй гул.
Дар оғўшат сафои кўҳсор аст,
Дар оғўшат ҳавои арчазор аст,
Дар оғўшат миёни сабзазоре
Барои ташнакомон чашмасор аст.
Даме бо ман ту бошию дами субҳ,
Даме бо ман ту бошӣ ҳамдами субҳ,
Ки аз барги гули бишкуфтаи рўт
Гаҳе ман бўсаму гаҳ шабнами субҳ.
Парешонам ба ҳар сў ҳамчу мўят,
Парешонам ба ҳар сў ҳамчу бўят,
Ба сони абри гирёни хаёлӣ
Парешонам ба даври моҳи рўят.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё