МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ҳама хобу ҳама хобу ҳама хоб,
Ҳама хобида андар ширмаҳтоб,
Фақат ман дар тобутобам чу гулхан,
Фақат ў мехўрад дар ҷогаҳаш тоб.
Бихонам ман баёзи рўдборон,
Баёзи рўдбори кўҳсорон,
Зи ҳар як саҳфаи мавҷу хати мавҷ
Ғазалҳои равони рўзгорон.
Дубайтӣ хон, дубайтӣ хон, дубайтӣ,
Дубайтӣ дон, дубайтӣ дон, дубайтӣ.
Ба ҳар гулдухтаре, ки монд кокул,
Дубайтӣ мон, дубайти мон, дубайтӣ.
ШЕЪРИ САПЕД
ДАР МАҲФИЛИ ПОЙИЗ
«Ҳарчи дар осмонҳо ва замин аст,
тасбеҳгўи ў ҳастанд".
(Қуръони маҷид, сураи Ҳашр, ояи 24)
Насиме оганда зи атри тасбеҳ сабзтарин ошиқонаҳоро бо фасоҳати ояҳои яздонӣ дар мадрасаи беша ба гўйиш овард.
Чаковакҳо ба самоъи забонаҳои сабз ва рақси болҳои зард жўлиданд.
Насим, маънавиёти саргўшии вожаҳоро ба шамими тиловати фариштаҳо биёғушт ва афкори шохаҳоро ба фалсафаи малакутии сиришк.
Армони ғурбат аз ошёнаи асл лаззати парвозҳои рўҳониро дар барг-барги болҳои кабўтарона рўйиш дод.
Забонаҳо пар ба сўи Бесў кушуданд, пои садо печид аммо ба найзори гулўгаҳ.
Сиришти луғавии ҳанҷараҳо ҳуввияти хешро дар шабоҳати панҷаҳои яла бар дуъо дарёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё