МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Баъд, дар интиҳои паркашии вожаҳо ба лонаи эҳё Бодро сукут, сукутро дуъо, ва дуъоро само балъид.
1-1998
ДИЛИ МИЛЛАТ
Роғун дил аст, Ки метапад дар синаи миллат!
Ва бартар аз ҳазор дили Данкойӣ1 меодурахшад субҳи миҳанро бо табассуми тулўъ ва чароғаки шабнами боли гулпаракҳо.
Роғун дил аст чу гулхонаи хуршед, ки шафақ мебезад ба чаманҳои ҳис, дарк ва бозтоби нанги ориё, ва тоҷиконатарин фурўзонфариро тоҷбандӣ мекунад бар сари миллат!
Роғун дил аст,
тапишобод,
1 Данкойӣ – ишора ба Данко, қаҳрамони асотир, ки дили худро аз сина барканда, бо дурахши он роҳи вомондагон дар зулматро равшан карда буд.
ки нур меполад аз полунаи эҳё ва як тамаддун озарахшро барчош мекунад бар шоҳроҳи ҷаҳонишавии миллат!
РОҒУНОНАҲО
Акнун мересем обшоре аз чашмаи ҳур1 ва рағзаворе аз нахи обу нур роғунона, роғунона.
Акнун месозем гулхонае дар миъбари сапедаву шабнам, ки дурахши нигоҳи моро гулбез мекунад ба чамани муғҷаҳои табассуме роғунона, роғунона.
Акнун чароғак мезанад аз гавҳари дида шарори наъли таковари Исмоили Сомонӣ роғунона, роғунона.
Акнун
дар хиёбонҳои Душанбе
нозанинҳое мебинам,
1 Ҳур – хуршед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё