Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ки ҷилойи саҳмияҳо мерақсад дар барг – барги рухсорашон роғунона, роғунона.

Акнун печ метанад печаки ҳавасам бар сабзи роғҳову набзи боғҳо роғунона, роғунона.

Ва эй, нозанинтарин!
Биё ба баҳору рушантарин дидор, ки акнун фурўзонаки ишқат дар дилам даргирифтаст роғунона, роғунона.

3 – 2010.

ОРИЁНО

Ориёно!
Ай таҳранги ноби осмони тамаддун!
Дуруд, мар турову дурахши кайгоҳи1 туро аз Толори ойинаҳо2, к-орастаӣ каёранги1 худишро2

1 Кайгоҳ- тахт.
2 Толори ойинаҳо- номи қасри Дориюши кабир дар Тахти Ҷамшед.
ба зулоли бомдоди авестоии Хуросон!

Ориёно!
Ай ақиқи рухшони равоқи атиқ!
Забарҷади кохи истманди фарҳанг!
Дуруд,
Мар-ноби асли туро "бо ҳазор ранги озинбаста"
аз партави тоҷиконаи тоҷ дар аҳуропайванди шаҳаншоҳии Порсуво3.

Ориёно!
Ай абар!
Ва барҷойтар аз Бобулу Урартуву Осур!
Дуруд,
Мар-ин равону бойистро, ки огоҳтар аз "Дарахти Асуриг"4 фуруҳидаӣ5 шинохту нишохти хешро ба шаҳриёриву шаҳроройӣ, ва пиростаӣ чиҳилчароғи Кохи чиҳилсутунро6 ба ситораҷўши осмондараи Кишвари ҳазоршаҳр7!

Ориёно!
Ай родманиш!
Ай доштори доду диҳиш ва чароғи дониш!

1 Худиш- молик, подшоҳ; кадхудо.
2 Каёранг- ранги пок; сапед, покиза.
3 Порсуво- номи кишвари Порс дар солномаҳои Ошурӣ.
4 "Дарахти Асуриг"- номи манзумае ба паҳлавии ашконӣ, ки бо назми зарбӣ, яъне бо усули шеъри сапед эҷод шудааст.
5 Фуруҳида- писандида.
6 Кохи чиҳилсутун – ишора ба толори Оподоно дар Тахти Ҷамшед.
7 Кишвари ҳазоршаҳр – Мовароуннаҳрро дар сарчашмаҳои бостон "Кишвари ҳазоршаҳр" гуфтаанд.

пешина
аз 264
навбатӣ