Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дуруд, мар бихрадии туро, "чи ҳар киаш хирад аст",1 ҳунар дорад; чи ҳар киаш ҳунар аст, шодобест аз коризи фарҳанг, чи ҳар киаш фарҳанг аст, зиндагиш бўёст аз бўяҳои яснойӣ.
зиндагиш рангоранг бар осойи Аржанг.

Ориёно!
Ай тановар дарахт дар гузори тафбоди аждаҳои мақдунӣ, девбоди ғули муғул, самуми уштулуми Темури чағатой ва ҳазору як шабехуну турктозу фареш!
Дуруд, мар ин пойиш ва рўйишро, ки аз сабррешаҳо парвардаӣ сабзбешаҳо ва шукуфаҳои варҷовандиву ориёнфарӣ ва озодманиширо.

Дуруд,
мар ин радиву2
тамаддунофариро
ай хостгоҳи фарри беҳӣ,

1 "чи ҳар киаш хирад аст"- ин сатр аз "Андарзнома"-и паҳлавӣ аст.
2 Радӣ- хирадмандӣ; диловарӣ.
ва ай суруди баланди обшори усарён1 аз дамовандии рўҳи башар -- Ориёно!
Ориёно!
Ай, арйиана вайиҷаҳ!2

6-2004

РУҶЎЪ

Эй ман!
Мани миллати ман!
Оё, на туйӣ, ки сурхии субҳе дурўғин рангрази боварат буд дар лобалои навҳаи имон ва хандаи шайтон?!

Оё, на туйӣ, ки тафаккурат дар мурдоби модиюн меафсурд, ва тахайюлат дар гирдоби сурхи кобус?!

Эй ман!
Оё, на туйӣ, ки аъмоқи уқёнусият сояпарварди наҳанге буд, ки ҷунбишҳои тўфонии миллатро хобҳои ҳазорсолааш мебалъид?!

1 Усарён, усариён- бомдод (дар паҳлавӣ).
2 "Арйиана вайиҷаҳ"- сарзамини ориён.

пешина
аз 264
навбатӣ