МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Эй ман!
Оё, на туйӣ, ки дар меҳанат ҳазориспанд аз хокистари косаҳои сар мерўяд?!- бо атри осуғдаи Авасто ва фарҳанги ориё аз дудҳанги мақдунӣ, ва атри покии номуси сияҳчашмони порсигўй, ки тўъма буд муғулии ҳирсро, ва шамими оҳанги барешимнавозони суғдисуруд, ва шиҳаи таковарҳои сабосуръати хатлонӣ аз бодияи ҳасрат, ва дуди оҳи Сино дар дудпечи кутубхонаҳои Бухоро, ва дуди саҳфаҳои қуръонӣ дар оташи сурхи калтакдороне, ки бо шиори иблис дилашон буд Худойро эъдом кунанд.
Эй ман!
Оё, на туйӣ сиёсатмаобе, ки назариёташ хулоса буд дар ҷайбҳо ва рўдаҳо?!
Сиёсате, ки муқаддасоти миллат ва фарҳангу ойинро ба фурўш дода буд, то шаддодгунаҳо ба даст оранд аз масрафи судаш дар манҷалоби иддаои бехудойӣ маданги қуфли зангбастаи биҳишти ҳазаёнии худро.
Эй ман!
Мани миллати ман!
Оё, на туйӣ пайсипоре обилапо аз миъбари сангдилии торих бо кўлборе аз сарсахтии тоҷикона ва лахтаи пироҳане олуда ба хуни ҷигар, ва тиккае аз меҳан, ва мушти хоке аз девори исмоилии Бухоро?!
Эй падидаи Мунтасир аз турктози қисмат!
баъд аз ин тоҷиконатарин озарахш аз кавкабаи тоҷи Оли Сомон аст, ва рўҳи шоҳ Исмоил бораи марзи ваҳдати тоҷик!
11-1999

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё