МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

КАБЎТАР ВА ҲУМО
Эҳдо ба даҳумин солгарди
истиқлолияти Тоҷикистон
Ай бениҳоят!
Паҳнои рўйиш оғуштаи чамани ниҳоят аст, ва гули рўҳам ларзон дар раҳгузори пажўлиш; айдун, ки ибтидоям додайӣ аз интиҳои як шукуфтан.
Айдун аз хокобаи вуҷудам моҳият месабзад, ки гулест аз базри ваҳдат ва абирогин аз абири абирофарин.
Айдун дуки гардун атри тафаккурамро ба калофи садбаргии миллат мепечад ва садои андешаамро аз тору пуди "ё-ҳу"-и як кабўтар мересад, ки андараш бол мезанад ваҳдати вуҷуд.
Айдун таҷрибаҳои тавҳид меоғозад вуслати парвозро дар фазои армонҳои кабўтаронаи инсон.
Ай бениҳоят!
бисоти зиндагиям соддагии як кабўтар буд, ва ҳама нишотам лаззати парвозу шираи овоз.
Аммо, иблис чуғдию каргасие ба хиёбонҳо афшонд, ва калоғҳои ғамзу каложаҳои бухлро бо сангбори маломат ба сари кабутаронаам шўронд, ки чаро кабутарам, на калмурғ?!
Кабутаркушӣ овозамро ба дилҳои шикаста рехт, парвозамро ба болҳои гусаста омехт, фарёдамро ба дори сукут овехт, ва сукутамро ба дори фарёд.
Ман, дар чаҳорсўи шигифт сар ба сўи остонаҳои ту мезадам, ай бесў ва ай бениҳоят!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё