Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва ман,
Иброҳиме дар оташ будам, ки кабутариро қақнусӣ, ва оташро гулистон кардам.

Ва дар ниҳояти алови гулшукуфт аз аъмоқи дуои мурғони нимбисмил сар баркашид ҳумое, бо хати парвози мустақим ба кўи ҳақиқат.

Ҳумое, ки фазои умқи рўъяти моро огандаи атри умед кард, ва чун овоз афрошт, оворҳо аз тан рехт, шайтанат ғайб зад ба нопайдо, кабутарон рез карданд ба оғўши шақоиқҳои боми оштӣ ва барги болҳо печид ба боли баргҳо.

Ҳумое, ки дар авҷи ситеғи юмни миллат шаҳомати сомониаш аз ҳумоюнфарист ва ҷилои шуҷоаташ аз шуҷоати Алист.

Айдун
аз моҳияти вуҷуд
гули "ё-ҳу" мебўям кабўтарона,
ва атри ваҳдат
аз ҳавои миҳан,
ва анбари сиришт
аз накҳати биҳишт;

Айдун ҳумоюн мебинам ба сари миллат ҳумои авҷи саодатро, ва аз ниҳояти шукуфтане оғоз мешавам; пас, гули рўҳамро масун бидор аз пажўлиш, ай бениҳоят!

5/2000

ТАБАССУМИ ХУДО

Уфуқе аз бофти зулолу ложварди ноб ва шафақе аз ришти арғувон.

Ману пўяҳо дар сапедазори бурҷи хаёл бо ҳавасе пур аз тамошои гулпарак.

Парандаҳо
овозашон хушбўй
аз насими намози гандумзор
ва атри зира меафшонад паёми селаи сор.

пешина
аз 264
навбатӣ