Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Занбўрҳо шеъри гулҳоро дар рўшании шабнам тозанавис мекунанд.

Онсўтар дарёбору гесувони чангии ҷулбак1 ва ошиқонатарин печопеч дар бистари сабзи навозиш.

Дашт дар чашмбароҳӣ аз хуршед суфрае аз гулдўзии соярўшанҳост бо саршири сапеда ва тути шабнам.

Ман «бисмилЛоҳ»-ам бўи кокутӣ мекунад, нигини ангуштари чашмонам аз бобунаҳо ва нигоҳам аз пар-пари парвонаҳост ба даври шишавори обии уфуқ, гулчархаки2 замину хуршед дар масири ҳазорон алайкассалом ва нуронуртарин шукуфт, ки табассуми Худост.
8/2006

1 Ҷулбак – ҷомаи ғук.
2 Гулчархак – ба ду маъно: сархонаи чароғ ва чархидан.
РЎЙИШ

Решаҳои ҳуруфи рўъёӣ ба ҳасрати дарахтиам рўйиш ангехт.
Рутубате рўҳонӣ ба хушкиҳои соқаам хазид.
Тагшоха панҷа зад гиребони фосиларо.
Буданам ба набудан омехт, парерам ба фардо, ва парандўшам ба дўшина.

Шашҷиҳатро барафкандам, рў ба якҷиҳат овардам.
Сапедаи тавҳид, ба анбўҳи баргҳоям тўр танид.
Ман ба шабоҳати маҷнунбедии худ ошно шудам дар васати кўҳе, ки қабл аз зуҳури инсон бо хирқае алафин ва дасторе барфин ба намоз истода буд.

Ва ҳанўз, рўи ҷойнамози дарё дар ибодат аст.
Суҷудаш мавҷ мезанад дар ойинаи амвоҷ.
Ман, ба имомати кўҳ иқтидо кардам.
Кўҳ бо лаҳҷаи об оя хонд.
Тафаккури об, ба шараёни навдаҳоям давид.
Насими таъвил омад аз фаросўҳо, то ба рўшании гулҳои Ёсин маро ғарқ кунад.
Атри ёсии гулҳош атри суннати расули Худоро мемонист.

пешина
аз 264
навбатӣ