МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Навозиши насим реҳлати ҷонгудози паямбарро ба зеҳнам овард.
Гиристам ба зории Фотима -- ин мазҳари покии бонувони олам, ки рўй ба хоки қабри падар суда навҳа мекашид ва мегуфт:
"оҳ, ай падар, бо худ маро бубар!"
Ва об шудам аз ин ғам он сон ки андўҳам ба осмон кўчид; он гоҳ хуршед низ сияҳ пўшид.
Уфуқ
домани ба хуни Ҳусайн оғуштаашро ҷавлон дод.
Барқ
чун Алӣ -- Шери Худо наъра кашид.
Борон рехт,
Фотима
дар осмони Худо мегирист!
Инак, муқаддастарин ҳасрати башарӣ ба рўйиши дарахтиям тозагӣ ангехт.
Решаҳои ҳуруфи рўъёйиям серобтар шуданд.
9/1995
ПИЁДА
Шабе дар пиёдароҳи насим накҳати гумномии худ будам, ки ба машоми Ҳақ расам.
Ва хешро зи гумии хеш бе шамими ҳавасҳои дунявӣ ёбам.
Ва гушна ба гушнагиву ташна ба ташнагӣ, дасти шустаамро зи олами имкон ба хони дўст барам, ки хўшаҳои ангури кавокибаш мазаи асали асл мекунад, ва фаллаи абр дораду гулоби шафақ, ва шакароби сапедаву куличаи маҳтоб, ки тиккае аз он ба шумо ҳохам монд, ай мусофирони оянда, дар пиёдарави Ҳақ!
1/1995
НАВРЎЗОНА
Биё, ай ҳур, ки дар хуршедият барфоб шавам, аз мижаҳои гулфаҳшангии бомҳо бичакам, чилчароғи гули бодомро ба шугуфоии хоби чилчилаҳо ва арзани боронро ба донкосаи хаёли мусичаҳо резам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё