МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Биё, пар-пар занем, ки дар лаби рўд чўҷаи тарона баромад аз тухми ях.
Турнаҳо расиданд аз дабистони ҳандаса, то зовияҳои орифонатарин арғуштро дар рангинкамони наврўзии дафтари само сабт кунанд, ва оҳанге ризвонӣ аз нути занҷираҳои парвозӣ бияфшонанд.
Биё, гунҷойиши оламро дар мардумаки чашми бунафша бинем, ояҳои басеҷи баннӣ Одамро дар настаълиқии сатри сомони мурчаҳо тафсир кунем, ангубини ҳузни таронаи занбўрро бияфшонем ба чашоии тафаккур.
Биё, моҳӣ шавем, таг-таги обҳо ба ҳиндустонии хаёл равем, бошад, дар зулоли Тоҷмаҳали обандомият шино кунам.
Биё,
ки Сабои нубӣ1
атри Фотиҳаи гулҳоро
ба равзанаҳои баҳории диламон хоҳад рехт,
биё, бичинем гули Марям,
ки хуршед гули Лайл мечинад,
1 Нубӣ – мусҳаф, қуръон.
биё, бичинем лолаи Тур,
ки абр гули Раъд мечинад,
биё, Қасас хонем,
ки бод ҳикоя мекунад аз Воқиа.
Биё, бо ниҳолаки ларзони бед намози наврўзиро дар раҳгузори насими рўҳи Муҳаммад (с) хонем, бошад, гарди гуноҳ афшонем, бошад, Таборакамон атри сафо ба торак пошад, биҳиштии наврўзамон муборак бошад.
2/2000
НЕШУ НӮШ
Ай дӯст!
Бошад, ки ба хуми шаробам афтам, ва дар гумоби фано ғарқ шавам, ки на ман монаму на ҳуш, на ҳисси нешу на дарки нӯш; зеро ҳамеша сайди нӯш ба коми неш андар аст, ва сайди неш андар ба доми нӯш…
Ай дӯст!
Бошад, ки дар паноҳи хумат аз дуйӣ раҳам, ки ҳурмузии нӯшу аҳримании неш дар имтидоди ҳамеша пайсипоранд пасопеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё