Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ай дӯст!
Бошад, дар паноҳи хумат расам ба кашф, ки метобадам аз зулоли нӯшинаи васлат гавҳари ягонагии вуҷуд.
09-1995

БАРФ

Арвоҳи обҳо, паррандавор аз сайри малакут меоянд, ки байза ба лонаҳои заминии худ гузоранд.
Само, лабрези гулафшони гули болҳои сапед аст...
Ва хуршед, ин ҳумои оташинбол, байзаҳоро зери пар мегирад, то чўҷаҳои обӣ бадар ояду паровар шаванд суви обшори чаковакҳо ва кафтарони бешаи амвоҷ.
1995
ДАР НОМИЯ1

Ман маргро зистаам…
Аҳмади Шомлу

Ҳанўз нарустаам маргро, ки сабза аз ҷабини хоколудам мерўяд ва ояҳои гулсанг аз сахраи бодхўрдаи танам.

Ҳанўз дар шикастагии санги ҷасад назистаам ва сарсахтии сангро дар умқи дардҳои бенола ба сар мебарам ва дар таҷрибаҳои иттисол аз парсинги лабонам мўмиёи зикр меҷўшад.

Ҳанўз намўйидаам дар мотами вопасин лабханд ва гиряро ба мазори лабҳо насупурдаам.
Набалъида ҳавзоби чашмонам ҳама фурўғи фусфурии дахмаҳо ва гулҳои кундаалоби ҷангалро.

Ҳанўз
лонаи парандагони анфосам.
Нафасам атри боли фариштаҳост,
рўзиям --
резаи ситораву яхоби қуллаҳо,
яктаҳам -- боли сапеда,
пойпўшам -- пари кафки обшеб.

1 Номия – нерўи рўйиш.

пешина
аз 264
навбатӣ