Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳанўз хезоби абрии ҷангалҳо заврақи шикастаи маҳтобиямро ба самти вахими оқибат мехонад.
Эй қисмати шиновар дар обҳои ҳайрат!
Чӣ хоҳӣ гуфт? -- Шайтанати тўфон ҳақиқати хешро меситояд ва тасодуф пойистагии худро дар маҳзари вуҷуб!

Ҳанўз интизорам, то насими ёди Худо баргҳои парешониямро биафшонад ва урёнии шохаҳо Фиръавнзодагонро аз ояти асои Мўсо ва яди байзо ёдрас кунад.

Ҳанўз нарустаам зи марг ва дар таҷрибаҳои яздонӣ оби оташзадаам ва оташи обзада.
Дуруд дар ду рўди дидагонам меҷўшад ва бар уқёнуси тамаддуни рўҳонӣ мерезад.
Ҳайратам чанг мезанад ба мавҷаи зулфин ва дар пушти дари Худо мегиряд:
к-эй Офаридгор!
Аз ҷўшхўрди мо, дар вокуниши ваҳдат, чӣ хулосаест?!

4/1996
РАВЗАНА

Эҳдо ба рўҳи Сўҳроби Сипеҳрӣ

Бомдоде шугуфт чашмандози хобам аз хоби ойинаи Сўҳроб, ки бар уфуқи обшеби баланди чашмонам тарона меҳишт.

Дар нимои пуштае аз сароҳати сабзи найзор як нафар, ки ба ў "аз алафи хушки ояҳои қадимӣ панҷара мебофт"1 кунун аз хушкнои мўяҳои рўҳонӣ равзана мебофад ба маъбади хасини ман, ки печида ба девораш печаки ишқи Худо ва гули шому саҳар.

Инак, дар намии найбаст, ба умеде, ки ояҳоям ба гулшани сипеҳрии рўҳи Сўҳроб расанд, ҳанҷараам соқаи сабзи нолаҳост ва панҷаам буттаи сабзи дуо.

Ай обирони найзори малакут!
Раҳи ин меъроҷ кадом аст?

3-1996

1 Аз Сўҳроби Сипеҳрӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ