Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САЛОЕ БА РАҚСУ САМОЪ

Биёед, самоъи шикастаҳолиро дар наворҳои шараён, ва рақси шикастаболиро дар шишаҳои мардумаки дида забт кунем.
Ҳалқа ба даври сутуни дудҳои сина бандем.
Фалак хонему чарх занему фалакро ба чархиш орем.
Ёҳу кашему дар фироқи шикани зулфайни ёр шикан ба шикан пой кўбем.
Бошад, ки зулфини дараш дар арш ба ҷунбиш ояд.

Биёед,
битаконем ҳастиро.
Мундиҳои ҷисми худро бишканем.
Рўҳамонро
дар половони фано полем,
Полударо ба гулоби бақо омезем.
Бошад ки бўи биҳиштии майи висол кунем.

Биёед, пойкўбон, хирмани Абулбашарро кўбем.
Дар ҳасрати ронда шудан аз биҳишт мўя аз мўи хўшаҳои гандум бофем.
Бо савти "майдаё"
нуриёнро бо яккафарёд орем.
На ғами нон, балки нони ғам бихўрем.
Шўраҳои кавири ғурбатро билесем.
Шўрии дард бинўшем.
Бошад ки шўрамон хушк нашуда малакутро бишўронем.

Биёед, гиряро ба сукут биспорем, сукутро бигирёнем.

пешина
аз 264
навбатӣ