МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ҳамели ашкро чу шаддаи рўд ба гарданаҳои кўҳи гардани ҳам андозем.
Бар мусофирати сиришк ва зулоли обҳои моҳият фурў равем.
Бошад ки бубинем, то милоди худ куҷо будем?
Баъди ин бувиш куҷо хоҳем рафт?
Биёед, пештар аз он ки ҳанҷараҳоро биафшурад ҳалқаи чилбури дори аҷал, нардбони девори ҳисори маъшуқро пармосем.
Бошад ки чанг ба ресмони фурўҳиштаи кокулаш занем, ки берун афканадамон аз ин сарои дудар.
Биёед, тулўъро бишамем, ки бўи домани ёр мекунад.
Бошад ки дар гулҷўши чигунагии ў ғарқ шавем.
Ва дар сапедабориши тавҳидаш шабнами гули қатраборон бошем.
10-1995
НИЛУФАР
Осмони Худо обе дод гавҳаракони дидаи анҷумро зи шугуфоии нилуфари ҷойнамозам ба биркаи сиришк.
Ва меҳробе аз буруҷ хами абрўйи биҳишт, ки бувад мўи зарҳалинаш решаи гули ҷойнамозам.
12-1994
СУКУТВОРА
Он ҷо, дар соярўшани канори олам ки тулўъ афшураи ғуруб асту уқёнус шугуфаи Каҳкашон, рўҳам бо қойиқе маҳтобӣ сафаре ба уфуқи азал кард.
Нишоту андўҳ -- ту тифли кабўтарияшро амонати ғарибонатарин парвозҳо дар тарокуми чингизии бошаҳо ва шаллоқи тўфону навозиши бодҳои парешон насиб афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё