Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чи талхие буд дар гиряи нишот, ва чи заҳре дар лабханди андўҳ...
То рўзе, баҳор нишотро маҳфили шақойиқҳо бурд ва андўҳро ба хаймаи абрҳо.

Аммо, сукутвории ман дар қолаби хокии сабр гумгаштаашро ҳанўз мемўяд1 ва аз заврақи гули ситораҳо атри баргаштанашро мебўяд.

12-1999

ДАР КЎЧАИ ЛАЙЛӢ

Барои Б.

Ҳайкали шикастаи Маҷнунам дар кўчае пур аз ҷудоии Лайлӣ.
Сабзаи жўлидамўйӣ печ зада ба урёнии зонувон ва сафолинаҳои кафидаи сарам.
Сангандозҳо дойира мекашанд дар ҳавзи оби борони чашмонам.
Вале ҳанўз

1 Мўйидан – гиристан; навҳаву шеван кардан.
ғурурам бол мезанад, ки сарлашкарам дар набарди ишқ, ва сардўшие1 дорам аз лонаи гунҷишк.

6-1998

ДАР ХАРОБОТИ ПИРИ МУҒОН

Гулгунсаворро оғўшид бекарони надидан.
Озарахши овораш хароботе дар муғии уфуқи хаёлам афрошт.

Дарича боз шуд, мўбаде кулоҳаш абрӣ, қабояш обӣ гуфт: пири муғони Ҳофизам!
Ва озарии нигоҳаш рехт ба пиёлае лабрез аз лаззати шурби мудоми Ҳофиз -- тафсири пипичаи боронро ба шафақи рухи ёр.

Ман,
сабзмасте будам,
гулобитоб,

1 Сардўшӣ – погон; ин ҷо ташбеҳ ба сардўшии шилшиладори генералҳои қарни нуздаҳум аст.

пешина
аз 264
навбатӣ