Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ки ғуруби хуршедии Авасто месабзид дар нилуфарии нигоҳи армонам.

Пири муғонам бигшуд равзанае ба сабзи аслҳо.
Он ҷо, паёми суруш андарам ба соғар рехт нўшобае аз маънои отифаи хубони порсигў ва атри ояҳои гиёҳи аҳуройӣ.

Ман, сабзи жулидае будам ба риндие гулобӣ, ба мастие алобӣ зи аксандози руҷўи гулгунсавор, ба кўи дидан.

Хостам ба дидораш бархезам, аммо бедор шудам аз хоб....

Шигифто, ҷабинам часпида ба девони Ҳофиз.

9-2000
БОЛИ СЎХТА

Эй ҷангал!
Дижкоки1 оташ ба лонаам хазид,
ва паноҳ ба ҳамешасабзиат мебарам,
ки дар сукути сабзат овоз диҳам.

Ман мурғи замзамаҳои саргардонам, осуғдаболаму бўи дуд мекунам, ва минқор ба хок, Худойро, дар интизори рўйиши парҳои тозае ва гулбарги навҳае аз нойҳои хушки ҳанҷара суҷуд мекунам; бошад ки ёҳу пошамат аз қаландарии кафтарон, ва мўяҳои мотами дарёӣ, ва лаҳҷаҳои чашмасори ҳузн, ва шабнами чамани ашк.

Дигар, эй ҷангал, лучии соқҳои духтаронаи обшоратро мебалъад обсабзи2 ҳавзи чашмонам, занги андўҳам пирояи гулсанг мешавад, печаки оҳам аз гулўи чашмаҳо мерўяд, ва гули дуд шилшила дар мўи бурсҳо мебандад.

Дигар, эй ҷангал,

1 Дижкок – каргас, лошахўр.
2 Обсабз – ҷомаи қурбоққа.

пешина
аз 264
навбатӣ