Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

хоҳам
бедардии ҳамҳамаҳои туро барчинам,
ошное ба дардошноият кунам,
сипас,
бо кафане аз баргҳои хазон,
хок шавам.

Ва насим нагҳати ғурбатамро аз ҳамешагии армон ба дурдасти бешаҳои уфуқ барад, ки дуртарин парандаҳо, абрҳо, ва обҳо гирянд.
1996

ОН СЎИ ХОБҲО

Он сўи хоби аспҳо гулдўзии хаёли алафҳост бо шабнами арақи таковароне, ки нафасзанон аз субҳ меоянд.
Заррагулҳои наъл мешугуфанд дар таронаҳои шабдезиям.
Дашти тахайюлам аспрезе каҳкашонист аз озарахши ёлҳо.

Он сўи хоби дарахтон як шадда шабнам рушантар аз чилчароғи ситораҳост.
Вузу мегирам аз вузўҳаш, ки суҷуд шоха-шоха мавҷ резад ба уқёнуси сапедаи зуҳур.

Он сўи хоби шонасаракҳо киштаи ишқ дар хами гесувони чиҳилтораи маҳтоб ба висоли об мерасад.
Ҳуроне занҷабилкокул обтанӣ дар обшори шигифт мекунанд, зулфи об мебофанд.
Ҳайратам муаттар, иштиёқам гулобӣ, ва сабўи ҳаҷмам маҳтобӣ мешавад аз таровише обандомӣ.

Он сўи хоби чашмаҳо мазоҳир бол мезанад дар рўшании тафаккури хилқат ва дар шафақи ёли он таковароне бомдодӣ, ки нафасашон нафҳаи ризвон мепошаду атри имон.
Нигоҳам, аз паси обшори бешаи мижгон гулчини фурўғи ёлии шафақ ва обии андоми он ҳуронест, ки пас аз обтанӣ раҷъати чобуксаворони муваҳҳидро ба равзаи висол интизоранд.

Он сўи хобҳо
мане ба дидори ман расид, ки шукуфаи сириштам дар чамани маърифат буд.

пешина
аз 264
навбатӣ