МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Исор кардамаш ҳастии мазоҳирро, Исорам кард мазоҳири ҳастиро.
Атри худиро нисораш кардам, нисорам кард атри Худоро.
1-2000
ГУЛБЕЗ
Ваҳй, наҷвои вожабороне арабӣ ба чамани самъи Расули Худо (с) буд.
Минбаъд, насиме аз Порс таровати порсойӣ ва атри тартилро ба кишварҳои зеҳни оламиён афшонд.
Порсойӣ порсиёна рўйид аз базри вожаҳойи қуръонӣ.
Ва насиме атргардону шабнамафшон аз шохаи суҷуд, дарки порсии ваҳдатро дар чаманҳои тафаккури башар гулбез кард.
5-2000
ВОЖАҲОИ АКС
Дарёи бетаг...
аксхези амвоҷ...
қиёми ойинаҳо...
таку този само дар самак...
Обии фазо...
убури гулвожаҳои акс дар ошуфтагии тулўъ...
ва гулмоҳиҳои оя дар меҳроби тўфон...
Маҳтобе хамида дар рукўъ...
қуллае шикаста дар суҷуд...
6-2000
АЗ ҲАҶР ТО ВИСОЛ
Меомадам аз ғубори фосилаҳо.
Аташ, мебалъид охирин қатраи ашкамро, гирдбод печ дода ба чархи кўзагарияш кўзаам мекарду мешикаст кўзавор...
Ман,
сафолинаҳои кафидаи ҳаҷмамро баста ба решаҳои хушки гиря, паймудам сангфарше аз сангвораҳои устухони моҳиёнро дар пайи пои рўде аз моварои торих.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё