Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва гузорам уфтод ва самти уфтодагӣ аз пой, ва сатҳи арғуштии хобу чашмакии сароб.

Бедор шудам аз ҷар-ҷари борон.
Садое чун гули ҳавоборонак дар ҳайратам шукуфт.
Резаборони чароғаки нигоҳе аз панҷараҳои баланди уфуқ ба чашмонам рехт, ғуборамро шуст дар хушбўйии обу моҳӣ.

Фавворае гесўйӣ, гулҳавзи сафолинаҳои ҳаҷмамро лабрез кард аз гулбаргҳои печиш ба чархоби оғўш, ва пичпичаи гулмоҳиёни навозиш; ки хушо, ба ҳоли ранҷмўякаше аз гирдоби ҳаҷр то обгирди висол...

10-2000
САРГУЗАШТ

Он замонҳо куҷо будӣ, ай набуда дар буда?
Ки дар ковоки як арчаи пўк ҳазорхонаи занбўрам буд ва як кўза асал.

Он замонҳо, дар адами ту буданам иборат буд аз хоби як сапедор, аз нутфаи як гунҷишк, аз зеҳни як заморуғ, аз хоҳиши як барг ва аз ошуфтагии як ҷангал дар убури сабзи баҳор.

Он замонҳо, миҳанам сапедадам буд, манзилам сояи гули хуршед.
Як занбил хаёли парешонам буд, як сабад гули чашми оҳу.
Зиндагиям метобид дар ҳавзе аз сафои ояҳо, ғирболам аз тори анкабут ва сабўям аз лонаи парасту.
Рўи суфрае аз барги нилуфар қумқумае аз кадуям буд ва пиёлае аз лола.
Падарам сахраи азиме буд, дар бағалаш модарам – гули ревоҷ.

пешина
аз 264
навбатӣ