МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Он замонҳо, дарс мехондам бо бачаҳои сафедор ва духтаракони заркокули бед дар мактаби шабонаи маҳтоб.
Дарсамон буд алифбои ишораҳо, алҷабри чашмакии ситораҳо, нуҷуми нозу ҷуғрофиёи роз, фалсафаи ишқ ва сарфу наҳви сукут.
Он замонҳо, ошиқе будам шармин, мисли як шоха алови гули насрин, дарун-дарун месўхтам.
Ишқ, гули ҳаросон буд, маъшуқа – гули печон.
Атрамон ба ҳам меомехт, рангамон ва рўҳамон ба ҳам меовехт.
Ишқе буд аввалаш гулбез, охираш хазонрез, аввалаш болидан, охираш нолидан.
Он замонҳо, дар хокии зот, дар обии насаб, дар оташии ишқ, дар бодии ҳавас будам.
Бунёни барбод ва барбоди бунёнро ба сар мебурдам.
Он замонҳо, дар садо будам, садо дар ҳаво, ҳаво дар само, само дар Худо буд.
Ва Худо, мазҳари пайдоям аз нопайдо буд.
Он замонҳо, куҷо будӣ, ки мастият диҳам аз атри нафаси як занбўри асал ва ҳушёрат кунам дар ҳисси дақиқи як мўрча?!
Оҳ,
куҷо будӣ он замонҳо,
ай набуда дар буда?!
5-2000
СИРИШТ
Дар ин гарева1 хилқат ҳастиямро таҷриба кард.
Вуҷуби мазоҳир аз офтобии Худо ба сабўи рўҳам рехт.
Ман,
1 Гарева – тал, пушта; киноя аз дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё