Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар шинохти ҷондории хеш мўрчае будаму бас, аммо, "мане" бузургтар аз замину осмонҳо омаданашро ба андаруниям армуғон овард.
Гумгаштаи марғи фурўғаш будам, то ворез аз мижгони маҳтоб шудам ба равзаи шигифт.

Шигифт маро мебўйид,
шигифт мебўсид маро,
мастиям сабз мешуд дар хушбўии шигифт.

Пои садо намерасид ба ин равза,
ҷуз оҳи моҳ,
ҷуз оҳанги парфишонии арвоҳ,
ҷуз наҷвои ситораҳо ба гўши бобунаҳо,
ҷуз овози ҳосаҳо,
андешаҳо,
сояҳо.

Танҳо набудам,
дар косаи чашмам мардум буд,
гушна набудам,
дар кўзаи ҳавасам гандум буд;
гунҷишкҳо
дар бешаи мўям лона мемонданд,
мусичаҳо
дар равоқи пилкам тухм мекарданд.
Луч набудам,
пироҳанам буд аз бофти чархресак,
кафшам буд,
холрўя,
аз чарми боли кашфдўзак.
Зиндагиям дар талотуми рўд меҷўшид, зиндагиям дар таронаи занҷараҳо бол мезад, зиндагиям дар хоби маҳтобии аспҳо ёл меафшонд, зиндагиям меоғўшид атри кокутии мўи бузғолаҳоро.

Бенамоз набудам, бо сангобдавак таҳоратам аз сангоб буд, дасторам буд чанбараи ҳулбў, ҷонамозам барги ревоҷ ё кундае гулсангӣ.
Намозро мекардам адо бо алафҳо, арчаҳо, думсичаҳо.
Барги дуоям сабз буд дар шохи ояҳо.

Як баста завқам буд; аз ҷуволи абр берун мекашидам калобаи матал, аз хиёли абр мешамидам атри ғазал, ки матлааш тулўъин буд ва мақтааш ғурубин.

Дар куллиёти само
хушам аз хуршедии зарҳали ҳошияҳо меомад,
хушам аз маҳтобии нахи шерозаҳо меомад,
хушам аз барқии ҳуруфи сарлавҳаҳо меомад.

Як баста донишам буд;
аз зовияҳои нуҷум гузар мекардам,
афлок дар сарам мечархид,
фалсафа дар деги тафаккурам меҷўшид, ҳандаса арзу тўли тахайуламро гом мезад, ал-ҷабр, касратро аз муодилаи ҳамчандиям каср мекард ва падид меовард ҳалли воҳиди ададиямро дар ваҳдати вуҷуд.

пешина
аз 264
навбатӣ