Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Каломам муфассири шатҳиёти мурғи Ҳақ буд, ки дар ангорҳо, сарозер аз дарахт "аналҳақ"-и Ҳаллоҷро дар оҳанги шабовез хулоса мекард:
"ё Ҳақ!
ман на манам, балки Туям, Ту на туӣ, балки Манӣ".

Ҳаққо, дар ин гарева шигифт мешукуфт аз нигоҳи маҳтоб, ки ман сиришта мешудам дар пажулиш1 аз гулбаргии худ ва дар жўлидан ба шугуфоии Худо.

2-2000

ШАТҲИЁТ

Кирдигоро!
обии нигоҳамро дар су-суи бесўият сайқал деҳ, ки билағжад нафаси иблис аз ойинаи сабр.

1 Пажўлиш – пажмурда шудан.
Кирдигоро!
Асоям деҳ, мўсойӣ, ки фиръавнгаройиро зи худ ронам, дамам деҳ исойӣ, ки мурдаҳои ҳавасро зинда кунам, басираам деҳ, ки чун Масеҳ, ҷилои дандонҳои як саги мурдаро рўшантар аз дигарон бинам.

Кирдигоро!
Гуфтанро бигў, вояҳои тозаам орад аз ғурбати нагуфтаҳо, сукутро бигў, хайма ба маҳтобии хаёлам занад, суҷудро бигў, баёзи намозамро саҳфа гардонад аз фурўғи ояҳои яктойӣ, то аз насхи касрати худ ёбам таълиқае дар ваҳдати вожагонии вуҷуд.

Кирдигоро!
Тобиши бобунаҳоро ба зеҳнам пош,
ҳисси борон бичакон ба эҳсосам,
аташи дарахтонро ба рўҳам рез,
навозиши маҳтобро ба завқам афшон,
дарки мўрчаҳоро
битакон ба ҳавосам.

Кирдигоро!
Хаёламро ба дашти шаб афшон,
ҷунунамро бивазон,
ки бешаҳо ба фарёд оянд.

пешина
аз 264
навбатӣ