Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Овозам деҳ, аз буди нобуд, аз сояи дуд, аз гўяҳои сиришк, аз қуфлҳои лаб.
Парвозам деҳ, аз паноҳи дили мусичаҳо то паноҳи дили фариштаҳо, ки қафаси нафс доми худфиребист.

Кирдигоро!
Гадои ишқат будам, ошиқам кардӣ ба духтаре аз маҳтобии Тагоб, ки асалвори шафақ буд аз косаи гардун ва шарбатосои лайлойӣ – дар бенасибии Маҷнун.

Ишқе буд аз заррарези маъшуқият ба ҳилоли лабе, нўшин ва зулоле, оғўшин.
Ишқе буд, майгун ва дурдрез аз вокуниши ваҳдат, ки Ҳофизро бурд ба харобот, Бедилро ба кибриёи аҷз, Сайидоро ба косагардонии кўят.

Кирдигоро!
Шеърам деҳ
аз сатри ташнагии реша,
аз атри маҳтобии беша,
аз қумқумаи гулўи як кафтар,
аз лаззати хаёли як духтар,
аз маънии чашмакии шабнам,
аз ғазалрези нигоҳи ғизол,
аз шоҳбайти бурути занбўр,
аз зории чўҷаи бепар ба мор,
аз сактаи дили модаронаи гунҷишк...

Кирдигоро!
Раҳоям кун аз тўфони тазодии фитрат, бирасон ба соҳиле, ки дида резишгоҳи уқёнуси убудат бошад.
Он ҷо, на дўзах бошад, на биҳишт, балки Ту бошию Ман дар тавассули сиришт.
9-2000

НОЛАПАЙВАНД
Эҳдо ба устод Ҷўрабеки Мурод

Инак, нилуфарона мебинам шугуфтанамро дар толоби сиришк.
Мебезам чашмонамро, ки парвезане аз сўзанкўби ситораҳост ва бахяҳои дидаро ашкдўзӣ мекунам бо нахи фаввораҳо.

Мегустарам
пойандозе зи тугмагулҳои қатраборон ба қудуми исодаме, ки меояд аз тулўъ.

пешина
аз 264
навбатӣ