МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ва ҳазор сол аст, ки атри дурияшро мебўсам аз боли парастуҳои хиёл.
Ў мевазад насими Ҷўи Мўлиёнро аз диёри таронаҳои ғариб ва аз ғурбати ишқ, бўи висол меорад.
Меояд аз зистанам дар марг ва аз пайвандам дар шикаст.
Меояд аз ҷонбозиям дар аташи Аҷам, зи амвоҷи регзоре чу сурби ҷўшон ва хорзоре чу мижаи хунбор аз обилаҳои пои Сино.
Меояд аз сармои торих, ки тафаккур ях мебаст, ақл меларзид ва нигоҳ аз паси шишаҳои яхи ашк гармӣ аз нури маҳ меҷуст.
Меояд зи гулвожаборони хуршедии ишқ ва сояҳои баланди уфуқро нури сиришк мепошад.
Меояд ва дар остонаи тулўъ рўдвориямро менавозад Рўдакивор, нойвориямро месарояд Мавлавивор.
Ман, ба дидори ў мешукуфам аз гулсанги суроби Дориюш дар Нақши Рустам ва искалети Тахти Ҷамшеди қоматамро меафрозам аз хок.
Ва ў, рўҳ меоганад пайкарамро, шамойиламро ба ҳам меорад ва ёди атиқа мерезад ба қуббаи сарам.
Ман,
рўдвориямро
ноларез мебинам
дар ёлаҳои обкўҳаи Зарафшон,
ман,
обшориямро
нолахез мебинам
дар бешаҳои сарводаи Хуросон,
ман,
нойвориямро
ноласабз мебинам
аз шарҳи дарди иштиёқ,
ман,
удвориямро нолапайванд ба ҳалқаҳои дуди самоъи Мавлоно меёбам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё