Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Инак, он хунёгари тулўъ пой андар мениҳад ба даҳлези уфқи чашмонам ва роҳ ба каҳфи синаам мепўяд, то асҳоби ҳасрати ҳазорсоларо бедор кунад аз хоб ва ботинамро таҳорат диҳад аз пилишти Тумуру Чингиз.
Ва навое борбадона зи сури маҳшари ишқ бар дилам резад.

Ў, муғанние буд, ки буданашро дар набуданам овехт ва хуни ваҳдат ба навову навои ваҳдат андар ба хунам рехт.

Ў, сарҳалқаи сози сомониямро бипайваст ба чағонаҳои гесуи чангии висоли маъшуқ.

4-2000
ШУКУФАИ РЎҲ
Ба имом Хумайнӣ (р)

Боронӣ омадӣ, тўфонӣ рафтӣ.

Боронӣ омадӣ аз даричаи сабзи ояҳо бо табассуми тулўъ ва нигоҳи обии малакут.

Аз миъбари рўъёии абрҳо атри ошиқонаҳои биҳиштӣ ва ранги мастӣ аз ҷамоли Худо овардӣ.

Ба Ирони рўҳам шугуфаҳои инқилоби орифона пошидӣ, уфуқи тахайюламро пур аз маҳтобии гулҳо ва кавкабии болҳои шаҳпаракона кардӣ.

Эй сокини сапедаборони азал!
Ғарибии ашкамро
Дар фироқи гулҳои тўфонӣ мегирям.
ки меҷўяд сахраи азими марқадатро дар ҳашри тарокуми амвоҷи башар ва тўфони панҷаҳои барги ҳасрат ба косаи ғунчаҳои сар.

1998

пешина
аз 264
навбатӣ