Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НА ҒАМЕ

Як нафар ғамамро дуздид.
Як нафар бурд нишотамро.
Ва инак, на ғаме, ки нолам аз бенишотӣ на нишоте, ки аз беғамӣ болам.

Бенишотӣ:
чи бузург каме,
Беғамӣ:
чи бузург ғаме...

ДАР ЗЕҲНИ ҶАНГАЛ

...Ошнотар аз офтобӣ дар чашмони санавбари ҷангалӣ.
Алӣ Мусавии Гарморўдӣ

Шево!
Ай арўси лаҳзаву меъёр!
Биё равем ба тамошои зеҳни ҷангал!
Он ҷо дар таносуби асолат арғушт меравад ишқи сабзи дарахтон.
Он ҷо лабханди сахраҳо мешукуфад аз мумиёии аносир ва гулсанги моҳият.
Он ҷо бол мезанад обу хок дар маҷоли хилқат ва рўҳ дар фурсати алафии сиришт.

Шево!
Ай хаёли лўълўйӣ!
Овезаҳои марҷонии нигоҳат ба рўҳам чи зебост!
Ба ростӣ, туйӣ, дар чашми ман чунон ки Лайло дар чашми Маҷнун, чунон ки хўшаи ангур дар чашми рўбоҳ.
Аммо, шояд ману ту дар чашми танги як ҷуғд баднамотарин махлуқи дунёем?!
Чунон ки шояд вақвақаи ғук ба гўши сукути шаб хуштар аз найнаво бошад...

Шево!
Ай шугуфаи шармҳои маҳтобӣ!
Абре парешонии хаёли маро мегиряд дар фикри ҷангал ва дар лаби рўд навҳаи сабзи ҳасрати алафҳост.
Биё, аз ин хаёлрез ба зовҳои гиря сарозер шавем, бошад, ҳалқаи садгесии борони хаёламро ба сапедаҳои менуии гарданат овезам ва дар маҳтобаки банди дилат ҷо шавам, ману ту мо шавем ва дар маҳзари ягонагӣ хонахудо шавем.

пешина
аз 264
навбатӣ