Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шево!
Туйӣ, дўшизавори вожаҳо – бо вуҷуде аз шаҳд дар чамани суритарин гулҳои сухангў, ки аз такаллумат ангубин мерезад.
Хуш он калимоте, ки зисташон дар туст.
Аммо, онсўтар аз шевоият вожаҳо, ҳатто дар зеҳни ҷангал шайтанатолуданд, чун қорчҳои заҳрогин.
Мардум заҳри сухан ба финҷони ҷони якдигар мерезанд.
Калхоти вожаҷанг ҳатто каргаси ҷанги ҷаҳониро ба як нўл мезанад.
Вожаҷанг ба ганбуске мемонад, ки бо ихроҷи бўи бад аз худ мегурезонад душманро.

Шево!
Ай шугуфтатарин умеди висол!
Ман фақат як ҷон дорам ва он, маърифатест, ки дар гузори насими ёди Худо бибўям моҳияти парешонии гесуят ва шугуфоии зеҳни ҷангалро.

10-2000
ШАФИҚ

Чӣ касе буд, ки шикастаҳои косаи сарамро мепайваст ва танандувор1 мересид парешидаҳои аъсобамро?2 Ман, вокуниши вуслат ва дардҷўши шикастабандиро ба сар мебурдам.
Содагӣ мураккаби дилам буд, ки сангдилонаш ба осонӣ мешикастанд.
Чӣ касе буд, ки меовард нўшдоруям аз мумиёи сабр ва маҳлули сукуту гулҷўши гулсангии умед ва афшураҳои одамгиёҳӣ?
Чӣ касе буд, ки набзи сапедадам ба рўҳам мерехт, дар толоби хуршедии саҳар шустушўям медод ва дар болини гиландоваҳои борон гиряҳоямро менавохт, хиёламро мебўсид, ҳавасамро мебўйид?
Чӣ касе, ки атри Одаму Ҳавво дар нафасаш буд?
6-2000

1 Тананду – анкабут, тортанак.
2 Аъсоб – ҷамъи асаб.

пешина
аз 264
навбатӣ