МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

МАРДЕ АЗ САПЕДА
Ба Алиризо Қазва – шоири эронӣ
Аз уфуқи чакидаҳои мумиёии гулсанг, аз дараи чакомаҳои чаковак, аз найистони дубайтиҳои санҷоқак ва аз чархофалаки чомаҳои чархресак бо дафтаре сабз аз шеъри ҷангалҳо, омад.
Аз чамани гулҳои сапед, аз мазҳари сипеҳрии Сўҳроб бо сабаде лабрез аз рангҳои сапедапечи хуршедии себ, омад, то рангрези атраш шукуфотарам кунад аз ранги хеш ва шустатарам аз шабнам.
Марде, ки минои сапедтар аз сапедаи чашмонаш намои сарводаҳои нимойист, шеъраш маҳтоби тафсири шаби маъно, дилаш дарёбоди гулгашти Мусалло, нигоҳаш маст аз маи ирфонии Ҳофизу Мавлоност.
Марде, ки рукўъи кабўтарро бо суҷуди маҷнунбед дар як шоха суол овард:
ай Доро!
Ҳавосат чандгона?
Гуфтамаш: панҷгона.
Гуфт: хеле кам ва анорам дод аз сабади Сўҳроб, ки дастанбўест аз ҳазор донаи ҳоса ва диданаш шуниданеву шамиданаш чашиданест.
Марде, атри омаданашро ба мўям бехт, полудаи тафаккурашро ба лавзинаи завқам омехт.
Оҳ аз рафтани ў, ки ба гуфтаи Сўҳроб:
«рафтанашро дар рўҳам рехт»
ва дар лаби рўди падруд сиришкашро ба гарданам овехт.
2-11-1999
ХАЗОНИ ИШҚ
Баргрез...
Вопасин оташбаргии рақс дар падруд бо дарахтии ишқ...
Вопасин ҷорўбкашии мижгон...
Вопасин хазоналови ҳасрат...
Дигар бебаргтар аз бебаргиям ва тандиси ишқе, чўбин...
Дигар бемаргтар аз бемаргиям, ки ҷоне барои мурданам нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё