Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ишқ, будане буд дар барги марг, ва барги марг дар марги барг...

Ишқ, сўзише буд сабз дар марги марг...

6-2000

УРУҶ

Мерафтам, жўлида ба атри зиразори тулўъ ва бутагулҳои сапеда.
Ҳастиям, дар парокандагии бўи домани шаб идроки ҳайратзада буд.

Мерафтам, дар гумии пайи пои садоҳо, рангҳову лаҳзаҳои паркашида.
Ба суроғи шабистони шабу саропардаи рўз ва фаромўшхонаи торих, ки таҷассуми ҳусни нозанинони мурда ва табассуми гулҳои фусурдаро бинам.

Мерафтам,
қад-қади тагоби Осмондара.
Пайроҳаҳош аз резакаҳ пур буд.
Каҳкашонҳо наметобанд,
Шояд ки каҳ ба хирмани маҳтоб бурдаанд?

Мерафтам, дар хазонрези шаб аз хиёбони Парвин.
Хуршедро дидам, соя мерўбид.
Ҷорўбаш бо забонаи аланга бешаҳои уфуқро мелесид.
Бўи бороне намерасид, лолахасакони боми фалак мепажмурд.
Маҳтобро дидам, коҳидаранг буд аз бенонии танўраҳову беобии сангобҳош.

Мерафтам, каш-кашон калобаи тахайюламро, ки рағзае бошад ба гунаи рангинкамон.
Ё шохбанде ба гови ҳайдави Сурайё, ки шохзан аст.
Аммо, санге набуд, мехи рағзаро кўбам.

Мерафтам,
ба дурие, ки дур аз ман мешуд,
ба наздикие, ки наздам намеомад,
ба болое, ки буд пойинам,
ба зере, ки буд забарам.
Малакутро дидам,
аҷиб оламест.
Вале аҷоибаш дар ман намегунҷид,
ҷуволи аносирии тафаккурам танг аст.

Мерафтам,
ки пурсам аз малойик:
табассуми гулҳои фусурда куҷо меравад?
Лонаи рангҳои парида ку?

пешина
аз 264
навбатӣ