Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Таронаҳои шунидаи мо куҷо шуд?
Куҳандизи нисёни торих ва ҳарими лаҳзаҳои мозӣ дар чӣ макон аст?

Мерафтам, бо обилапойии тааҷҷуб.
Фариштае дидам, ашбоҳи маро ба соярўшани чаманистони шигифт афшонд.
Зи ҳар бутта гули қиёфаам бишкуфт.
Бекарона лабрези тимсолам буд.
Ман дар рўшании гулҳои шабоҳатам болотар аз малакут маҳозири аслро дидам, ки манзили руҷўъи садоҳо, рангҳо, сонияҳо, хушрўиҳои фирорӣ, тубуссуми гулҳои фусурда ва мосаво будаст.
Дарёфтам, ин сафар ба интиҳо расид ва сайри манзили фано дар пеш аст.
Он ҷо ки висоли маъшуқ асту шароби тавҳид, мастиву бегонагӣ аз хеш.

Мерафтам, инак, бо пайроҳаи фуруди Ҳазрати Одам ба сўи будани хеш дар анбудан1, дар сарандебии2 олами хок.
Дидам, нишастаам рўи гилеми гулсангии сахрае,

1 Анбудан - нахустмодда, ки ҳама чиз аз он таркиб ёфтааст, мабдаъи офариниш. Анбузан ҳам гуфта мешавад.
2 Сарандеб – ҷазираи Сейлон, ки Одам алайҳиссалом ба он ҷо фуруд омадааст.

пешина
аз 264
навбатӣ