МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

дар буҳти як дуъои пур аз ояти суол.
Посухро дидам, ба сурати марде аз ғайб меомад ва мегуфт:
хайра мақдам, зи меҳмонии Бесў1, ай мусофири манзили шигифт!
9-1995
НАВҲАРЕЗ
Ташнатарин лабон бо сабзи мўяҳо лабҳои навҳарези ошиқони Ҳусайн аст.
Ва сабзтарин ошиқонаро, бо гулафшони сиришк, сўгворони Ҳусайн мехонанд.
Ва отифатарин аташ, аташи шабнами имони Ҳусайн аст – дар булуғи сапедае ба хуршеди ҷамоли Ҳақ.
Ҳанўз, дар водии ашк ва муҳаббат, дили бе Карбалое нест, диле, бе шақойиқи хаймаи азо.
Ҳанўз, хиҷолати аҳли Куфа хат мекашад ба хок ва хонотарин барот аст хати куфии гулҳои шаҳодат дар шерозаи Фуроти рухи ошиқони Ҳусайн.
2-1999
1 Бесў – ишора ба Худо.
ОБШОР
Манам, обшоре баланд аз дарозои фурўрез ба шеб, ки як наҳр оби дидаро меафшонам ба ҳазорон дидаи шахсанг ва дурахши як дарахт барги ашкро ба андўҳи сабзи анбўҳи ҷангал.
Туйӣ, ки меоганӣ обғалти рўҳамро аз фурўғи озинаҳои ашк.
Туйӣ, ки мебофӣ хиёли мўёнамро дар гирдоби дўки танам ва зулоли мавҷҳоро медўзӣ ба ҳам, ки рўдро кабудпўш кунӣ.
Манам, обшоре баланд ва пижвоки оҳанге накисойӣ1 ки авҷи фиғони як ишқро ба жарфои фано мерезам ва резаҳои сози ваҳдати шикастаро пайванд мекунам ба савтҳои кабуди асл.
1 Ишора ба Накисо – муғаннӣ ва овозхони бузурги аҳди Хусрави
Парвиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё