Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Манам, шўридатарин қиём алайҳи сукутвориҳои харсангӣ, манам, саркўфтатарин исён ба сахраҳои саркафидаи қисмат.

4-2000

АНДЎҲ

Оҳ, эй омада аз моварои омадан!
ва эй рафта ба фаросўи рафтан!
Борон нашуста ҳанўз радди поятро, борониям кардӣ бо вазише бодгуна ба кўи бепайипойӣ.

Ман, бўйида-бўйида атри туро аз гесўи шаб, мўйида-мўйида ба ҳоли гирёни дилам, рўйида-рўйида аз решаҳои намзадаи ҳасрат меҳан кардам яъси даштҳоро.

Ман маҷнунгиёҳам дар белайлоии чамани хаёли даштҳо бо атри омаданҳову рафтанҳоят, бо атри итобу шитобат, бо атри табассумат, такаллумат, тараннумат.

Ман, падидаи тасаввурам, ки менигорам дар сураткадаи андўҳ нақши нозатро дар навасони шохаи гули бодом, чашмакиятро дар милт-милти чашмасор, сапеди танатро дар бистари сапедадам, шафақи шарматро дар болини тулўъ.

Эй мисли як гулафшон дар баҳори як фурсат!
Туро дигар на аз ҳеҷ ҷой хоҳам ҷуст, на аз ҳеҷ гоҳ.
Кофист, гули рўҳам бошӣ, дар пажмонии уммед, ва шугуфаи андўҳам дар шўразори ҳузн.
Зеро андўҳ аз ҳузурат вафодортар аст, ва гули рўҳ шугуфабортар аз гули рўят.

Эй оҳуфағанд дар гузори як ишқи ваҳшӣ!
Ман, на ба ту, балки ошиқам ба андўҳ,

пешина
аз 264
навбатӣ