Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ба андўҳи бетуйӣ дар сукути говгум,
ба андўҳи омаданат ба фаросўи рафтан,
ба андўҳи рафтанат
ба ҷустуҷўи наёмадан.

9-2000

ОМАДАНЕ АЗ МАРГ

Ангор1 буду дарави гандум, ва гармое, ки мадорамро мебалъид.

Сояи як хўса Пур аз ҳаловати насиме рўъёӣ буд, ки маро аз тобистони зиндагӣ медуздид ва мебурд ба тамошои баҳории марг.

Он сў аҳли қубур зиндагиро марг ва маргро зиндагӣ меангошт.
Он сў муборакбоди милод ба сарам гулафшон буд.

Он сў
қафасҳои сина
сабади лола,
косаҳои ҷумҷума
ҳама гулдон буд

1 Ангор – мазрааҳое, ки зироаташон даравида шудааст; пиндор.
ва шугуфаи табассум медамид аз ҷилои фусфурии қиёфаҳо.

Он сў, шоҳ надошт, гадо надошт, ожироне дошт, чу Накиру Мункар, ки дар ниҳоят биронданд аз гўристонам бо шармандагии намурдан.

Ман, бо равиши Одам алайҳиссалом меомадам боз ба гармову дарави гандум...
Ҳавои омаданам огандаи атри сиришки Одаму Ҳавво буд, ва пилки аз гиря сурхидаи абр меозарахшид аз андарунии кабуди сарандозаш.

Баҳори мотамзадаи гўристон бозгаштамро ба «зиндагӣ»
мегирист…

3-2000 ЭЙ!

пешина
аз 264
навбатӣ