Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ошно ба бегонагии худ!
Ва эй, ба девонагии худ ҳушёр!
Ман ошнои бегонагии туям, туйӣ, бегона аз ошноии ман.
Ман аз ҷунуни ту ҳушиворам, туйӣ, девона аз ҳушивории ман.
Девонагии ту механдад ба ҳоли ожирии ман, ожирии ман ба ҳоли девонагии ту.
Девонагии ту мегиряд ба ҳоли ҳушёрии ман, ҳушёрии ман ба ҳоли девонагии ту...
Оваҳ, чи ҳушмандие дар девонагии туст ва чи девонагие дар ҳушёрии ман!

9-1997
НИДОЕ АЗ ЗУҲУР

Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар сўҳбате рўёрўй гуфт: «маро даъват мекунанд». Пурсидам: «ба куҷо, устод?» Посух надод ва фақат ишорае кард ба фаросўҳо.

Ҳотифе садо медиҳад маро ба асолати рўйиш...
Он ҷо, ки фариштаҳо бо сўзани неши алафҳо ва нахи решаҳо пироҳанам медўзанд аз нами хок.

Падруд, ай лайлоиён!
Ман ба шумо аз чаманҳои малакут лолайӣ меорам ва ёсуманӣ ва зулоле, ки покизагӣ дар ў вузў мегирад.

Падруд, ай маҷнуниён!
Ман ба шумо аз миҷмараҳои минавӣ оташбарги бўсаҳои ирфонӣ меорам бо нафаси тулўъ ва атри маҳтоб...

Ҳотифе ҷеғ мезанад маро...
Бояд биравам, он ҷо мадрасае гушудаанд дар улуми моҳияти чашмаҳо ва сиришти шукуфаҳо.

пешина
аз 264
навбатӣ