Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ҷо шаҳпаракҳои фалсафа бол мезананд дар мактаби суҷуди бобунаҳо, кокутиҳо, пудинаҳо.

Он ҷо мерўяд дар хоби талҳо бунафшаи рўҳи Сино ва дар хаёли палҳо шақойиқҳои ошиқонатарин самоъи Мавлоно.

Ҳотифе ҷеғ мезанад маро ба сароҳати зуҳур...
Бояд биравам ва дар ин раҳгузор дар сабзтарин толоби акси ҷангал таҳорати сабз кунам ва аз намози зуҳри алафҳо дер намонам.

9-2000

БАЗМИ САБЗ
Ба ёди устод Қутбӣ Киром

Эй Қутбии шеър!
Маро бубар ба қутби нигоҳат, он ҷо ки уфуқ чамани хаёли туст.
Он ҷо ки пайроҳаҳои Урметан ба Каҳкашон мешавад пайванд ва чашмаи Кишровут рўшание ба чашми моҳ метанад ва ситеғи Испена хуршедро «биё» мегўяд ба баҳори оганда аз гулҳои ревоҷии шеър.
Он ҷо ки дўшизаҳои нозбў дар сояи чатри тотин марди суханро ба оғўши шукуфаҳои ноз мекашанд, кокутиҳо мушки ғазал мерезанд, пудинаҳо бўи дубайтӣ мекунанд, арғуштиёни ҳулбўйӣ ҷавлони гул мерезанд.

Эй Қутбии шеър!
Роҳам бидеҳ ба сабзи ҷангали хаёли рангинат, он ҷо ки ғазал мегўйӣ дастафшону покўбон дар ҳалқаи базми сабзе, ки насими малакут мерақсонад шаҳпаракҳои рўҳи Рўдакӣ, Ҳофиз,
Сайидову Бедил ва Айниву Турсунзодаву Туғралро.

5-2000

пешина
аз 264
навбатӣ