Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШАМОМА

Номатро шамидам аз сапедае, ки доманаш гулҷўши ранги мўяҳост.

Оҳанги шугуфтанат гулдўзии нуте1 боронист дар сўзании чашмонам.

Метаровӣ аз суҷуди шохаи хамидаи танам, ки фитрати хокро муаттар кунад гулафшони сиришк.

Ғунчахусбе урдибиҳиштӣ хоби шугуфтанамро пур аз гулпаракони асмо кард.

Номатро шамидам аз атри болҳои вожайӣ, дар сапедае, ки доманаш гулбези оҳанги мўяҳост.

9-1999

1 Нут – нота.
ПИНДОР

Оғозам чӣ буд?
Шояд, дарке шигифтзада дар гузори селаҳои фирории лаҳза ба фаросўи ибтидо?

Он гоҳ, шояд вақт аз каронаҳои бевақтию бевазнӣ меомад бо занҷирае вазин1 аз тиллои сонияҳо бар гардан, то ҷуфт кунад ҳавсалаи маконро ба мизоҷи замон.
Хок шояд рўйиш мезод аз нутфаҳои рўҳонӣ ва рўйиш дар маҳди ҷозиба мемакид пистони шедро.
Шашҷиҳат шояд шашрўзаи парпече буд дар ҳайрати маҳтоб...

Оғозам, шояд завқе буд аз оризаи ишқе шаҳпаракона, ки аз толоби ойинаҳо мебўйид зулоли малакутии сапедадам ва дурахши шугуфаҳои хилқатро.

1 Вазин- (а) дорои вазн, сангин; гаронқадр.

пешина
аз 264
навбатӣ